Central AsianResearch Index

ВАЗИФА ВА НАҚШИ САРФИИ ПЕШВАНДИ ҲАМ(ДАР АСОСИ МАВОДДИ МАСНАВИИ “ИРФОН”-И БЕДИЛ)

Дар мақола вазифа ва нақши морфемаи ҳамдар маснавии “Ирфон” -и Мирзо Абдулқодири Бедил баррасӣ гардидааст. Муаллиф қайд менамояд, ки морфемаи ҳамна танҳо дар исмсозӣ нақши пешвандӣ дорад, балки ба сифати ҳиссачаи таъкидӣ низ ба кор бурда мешавад. Вазифаи пайвандакии он маълум аст. Муҳаққиқ нақши онро дар ҳамнишинӣ бо ҷонишинҳо низ таъкид кардаанд. Пешванди ҳамдар забони адабии муосири тоҷикӣ серистеъмол бошад ҳам, дар маснавӣ ҳамагӣ дар 31 вожа корбурд дорад: ҳамзан, ҳамдевор, ҳамдӯш, ҳамъинонӣ, ҳамкаффа, ҳамканор, ҳамкор, ҳамнавола, ҳамнавоӣ, ҳамоғӯш, ҳамоҳангӣ, ҳампарастӣ, ҳампеша, ҳамроз, ҳамраҳ, ҳамрикоб, ҳамсарӣ, ҳамсанг, ҳамсадо, ҳамсуҳбат, ҳамтоб, ҳамхӯрдан, ҳамхуфтагон, ҳамчашм(ӣ), ҳамҷинс(ӣ), ҳамҷӯ, ҳамшакл(ӣ). Дар таркиби вожаҳои мураккаби ҳамтакафсӯс, ҳамқадамҳасрат, ҳамъинонранҷ, ҳамсафарзаҳмат бо иштироки пешванди номбурда ба мушоҳида расид, ки бо асоси замони ҳозира, гузаштаи феъл ва сифати феълӣ ҳамнишин шуда, исми ифодакунандаи шахс сохтааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни