Central AsianResearch Index

ВАЗЪИ ТАРАққИЁТИ САНОАТИ САБУКИ ВИЛОЯТИ СУГДИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 2012-2019

Вазъи тараққиёти саноати вилояти Суғд, аз ҷумла саноати сабук мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шудааст. Нишондиҳандаҳои соҳа дар тӯли даҳ соли охир мавриди таҳлил қарор гирифта, аз рӯи натиҷаҳои онҳо хулоса бароварда шудааст. Хусусияти рушди корхонаҳои саноати сабуки вилояти Сугди Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор ва пайваста ба он асоснок карда шудааст, ки барои рушди соҳа модернизатсияи он зарур аст. Иҷрои ин кор бо роҳи ҷорӣ намудани шаклҳои навтарини ташкили истеҳсолот имконпазир аст. Динамикаи рушди саноати сабуки вилояти Суғд аз рӯи соҳаҳо, алалхусус бофандагӣ ва дӯзандагӣ, истеҳсоли пойафзол ва маснуоти чармӣ, истеҳсоли нахи пахта ва амсоли онҳо оварда шудааст. Содироти нахи пахта дар сохтори саноати сабук, ҳамчун самти стратегӣ ва афзалиятнок арзёбӣ карда шудааст.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4 (89)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП