ВАЗЪИ РУШДИ БОЗОРИ МИНТАҚАВЇ ДАР ШАРОИТИ ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ЭКОЛОГЇ
Дар мақолаи мазкур вазъи кунунии бозори экологии Тоҷикистон баррасї шудааст. Муаллифон ќайд кардаанд, ки маълумот барои таҳлили мукаммал ва муфассали вазъи бозори экологии ҷумҳурӣ нокифоя мебошад. Амалан дастрас намудани маълумоти омории расмӣ дар бораи вазъ, динамика ва дурнамои соњаи хадамоти экологӣ хеле душвор аст. Ин вазъият таҳлил ва таҳқиқоти мукаммалро дар ин масъала мушкил мекунад ва дурнамои рушди онро тасаввур кардан қариб ғайриимкон аст. Новобаста аз ин, муаллифон кўшиш кардаанд вазъи экологиро аз рӯи баъзе аломатҳои ғайримустақими он баҳо диҳанд. Инчунин, муаллифон дар маќола дар бораи мушкилоти соњаи хидматрасонии экологї, партовњо ва таъсири онњо ба иќтисодиёт, роњњои њалли мушкилоти мављуда, инъикоси мавзуи зикршуда дар санадњои меъёрї-њуќуќї маълумот дода, пешнињодњои амалии худро ба маќомоти дахлдори давлатї кардаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 3 (32)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Казахский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет