ВАЗЪИ МАКРОИқТИСОДӣ ВА ТАЪМИНИ РУШДИ ИқТИСОДИИ БОСУБОТ ДАР ҶУМҳУРИИ ТОҷИКИСТОН
Таҳлили вазъияти макроиқтисодӣ аз нуқтаи назари таъмини афзоиши устувори иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст. Тадқиқ собит сохт, ки тавсеаи муносибатҳои бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддиро ба ҳамаи унсурҳои сиёсати иқтисодии татбиқшаванда тақозо мекунад. Дар натиҷаи рушди муносибатҳои бозорӣ ҳамаи унсурҳои фаъолияти иқтисодӣ ба тагйирот дучор шуданд. Таҳлили эмпирикии вазъияти макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити саноатикунонии босуръат дар қаринаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ нишон дод, ки иқтисодиёти миллии Тоҷикистон дар натиҷаи трансформатсияҳои иҷтимоию иқтисодӣ то ҳол ҳамаи унсурҳои саноатикунонии муосирро касб накардааст. Дар ҷумҳурӣ дараҷаи баланди бекории сиклӣ , сатҳи пасти фаъолнокии инвеститсионӣ ва трансформатсияи пасандоз ба захираҳои воқеии инвеститсионӣ ба мушоҳида мерасад. Ба сабаби ба қадри кофӣ тараққӣ накардани инфрасохтори бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди молиягузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз ҷониби низоми бонкӣ ва бозори дувуми когазҳои қиматнок бо мушкилоти сершумор рӯ ба рӯ шуд. Дар иртибот бо ин нукта таҳлили эмпирикии вазъи макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зарурату афзалияти такмили сиёсати иқтисодӣ шаҳодат медиҳад, ки оқибатҳои бӯҳрони трансформатсиониро рафъ карда, хароҷоти ислоҳоти минбаъдаро коҳиш дода метавонад ва бо ин роҳ рушди макроиқтисодиро дар қаринаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ таъмин мекунад ва ба саноатикунонии босуръати мамлакат ангеза мебахшад.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 1 (86)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП