ВАЗЪИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ ДАР СОЛҲОИ АВВАЛИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Вазъи кишоварзии Тоҷикистони Шимолӣ дар солҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941 ва 1942) баррасӣ гардида, саҳми кишоварзон дар ақибгоҳ нишон дода шудааст. Дар мисоли Тоҷикистони Шимолӣ ба шароити ҷанг мутобиқ гардидании соҳаи кишоварзӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Барои иҷрои супоришҳои КМ ҲК(б) ИҶШС, дастурҳои котиби ҲК(б) Тоҷикистон кишоварзии вилояти Ленинобод чӣ тадбирҳо андешид баён мегарданд. Зикр гардидааст, ки агар дар соли 1941 дар кишоварзии Тоҷикистони Шимолӣ нуқсону камбудиҳо бинобар сафарбаршавии мардон ба фронт ҷой дошта бошанд, дар соли 1942 бартарафкунии онҳо ба назар мерасад. Таҷрибаи « гектарҳои мудофиа » натиҷаҳои худро медиҳад. Зиёдшавии майдони кишти пахта ва ғалладона ба назар мерасад. Дар соли 1942 кишоварзони Тоҷикистони Шимолӣ ба парвариши зироатҳои нав – бобунаи долматӣ, рустаниҳои каучукдор ва тамоку шуруъ мекунанд. Барои бартараф кардани норасоии кадрӣ дар соҳаи кишоварзӣ хонандагони синфҳои болоии мактабҳо ва занон ба корҳои кишоварзӣ ҷалб мегарданд. Хулосаи шудааст, ки бо вуҷуди душвориҳои соли 1941 соҳаи кишоварзии вилояти Ленинобод дар соли 1942 ба шароти ҳарбӣ мутобиқ гашта, барои таъмини минбаъдаи Ғалаба саҳм гузоштааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 103, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП