Central AsianResearch Index

ВАЗЪИ ДАВЛАТИ САРБАДОРОНИ ХУРОСОН ПАС АЗ ФАВТИ АМИР ВАҶЕҲУДДИНИ МАСЪУД

Дар мақола вазъи давлати Сарбадорони Хуросон пас аз фавти амир Ваҷеҳуддини Масъуд мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Пас аз фавти амир Ваҷеҳуддини Масъуд яке аз шахсони боэътимоди ӯ Муҳаммади Ойтемур умури идории давлатро дар ихтиёри худ гирифта, нисбат ба пайравони шайх Ҳасан, ки онҳоро «шайхиён» меномиданд, беэътиноӣ зоҳир намуд ва оқибат қатл гардид. Тахтро Кулӯ Исфандиёр соҳиб гашта, нисбат ба аҳолӣ зулму таъаддиро раво дид ва аз ҷониби Сарбадорон кушта шуд. Бо маслиҳати Хоҷа Шамсуддини Алӣ , ки дар байни Сарбадорон эҳтироми баланд дошт, писари хурдсоли амир Ваҷеҳуддини Масъуд, амир Лутфуллоҳро ба тахт шинонда, то ба синни балоғат расидани ӯ амакаш Шамсуддин Фазлуллоҳро ноиби ӯ таъйин намуданд. Шамсуддини Фазлуллоҳ тамоми зимоми умури давлатдориро дар дасти худ гирифт. Ӯ ба айшу ишрат машғул гашта, ба танзими мулку корҳои лашкаркашӣ парвое надошт. Ҳокими охири Элхонӣ Тағотемурхон аз вазъи давлати Сарбадорон бохабар гашта, тасмим гирифт, ки бар зидди Сарбадорон лашкар кашад. Шамсуддини Фазлуллоҳ аз тарс зимоми умури давлатро ба дасти Хоҷа Шамсуддини Алӣ супорид. Хоҷа Шамсуддини Алӣ , ки шахси бошуҷоат буд, ба кори танзими умури мамлакат диққати махсус дода, амалҳои зиёди ношоямро дар мамлакат манъ намуд ва вазъи давлатдориро ба танзим даровард. Чун Тағотемурхон аз шуҷоату сиёсати Хоҷа Шамсуддини Алӣ хабар ёфт, аз лашкаркашӣ бар зидди Сарбадорон даст кашид. Хоҷа Шамсуддини Алӣ нисбат ба заминдорон ва ашрофу аъён сахтгир буда, муомилаи тунд мекард, аз ин хотир ба ӯ назари душманона доштанд. Ҳайдари Қассоб ном касе аз мулозимони Хоҷа Шамсуддини Алӣ , ки ба ҷамъ намудани андоз аз аҳли ҳунар ва тиҷорат машғул буд, қисме аз маблағи ҷамъкардаашро ба хазинаи девон насупорида, ба фоидаи худ истифода бурд. Хоҷа Шамсуддини Алӣ ӯро маҷбур сохт, ки қарзи девонро супорад. Оқибат Ҳайдари Қассоб бо пуштибонии яке аз ёронаш Хоҷа Яҳёи Карробӣ, ки мақсади ѓасби тахти Сарбадоронро дошт, дар фурсати муносибе ханҷаре бар синаи Хоҷа Шамсуддини Алӣ зада, ӯро қатл намуд ва Хоҷа Яҳёи Карробӣ соҳиби ҳокимият гардид.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2023 · № 1 (33)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА