Central AsianResearch Index

ВАЗЪ ВА ТАМОЮЛИ ИТТИЛООТОНЇ ДАР НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИЌТИСОДИЁТИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Дар давлатҳои тараққикардаи љаҳон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодї технологияи иттилоотї ворид гардида, он барои пешбурди љараёни муносибатҳои истеҳсолї таъсир расонидааст. Аз ин лиҳоз, зарурати рушди технологияи иттилоотї дар низоми идоракунии минтақаҳои Ҷумњурии Тољикистон хеле муҳим буда, барои пешрафти иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар шароити муосир вобаста ба тағйироти љиддї дар муносибатҳои сиёсї, иљтимої, иқтисодї ҳам дар берун ва ҳам дар дохили кишвар зарурати аз нав дарк ва пешниҳод намудани ғояҳои нав дар рушди иқтисодї ва иљтимоии минтақаҳо ба миён омада истодааст. Дар соҳаҳои хољагии халқ, соҳибкорї, маориф, тандурустї ва, аз ҳама муҳим, дар таҳқиқоти илмї сатҳи компютеркунонии истофодабарии технологияи иттилоотї мазмун ва мундариљаи натиљаҳои бадастовардаро муайян месозад. Чунин тамоюлот дар ҳаёти иљтимоии аҳолї низ мушоҳида карда мешавад. Бозори молу хизматрасониҳо, меҳнат, молия ва кулли соҳаҳо дар љараёни қабулу қарор ба ахбори аниқу зарурї, захираҳои иттилоотї ниёз дорад. Љоизи қайд аст, ки љараёни иттилоотонї дар шароити муосир яке аз омили пешбарандаест, ки ҳам дар рушди соҳаи истеҳсолї ва ҳам дар соҳаи ғайриистеҳсолї таъсири калон мерасонад.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4.1 (29)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Казахский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет