Central AsianResearch Index

ВАСФИ ВАТАН ВА ШИКОЯТ АЗ ҒАРИБӢ ДАР АШЪОРИ АБУИСҲОҚИ ҒАЗЗӢ

Дар мақолаи мазкур васфи ватан , пазмонию дарди фироқ аз он ва шикоят аз ғарибӣ дар ашъори Абуисҳоқи Ғаззӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ҷиҳати равшанӣ андохтан ба ин мавзуъ чанде аз ашъори дар мавзуи мазкур эҷоднамудаи шоирро таҳлилу баррасӣ намудем. Бо таҳлилу баррасӣ ва мутолиаи ашъори шоир чунин натиҷагирӣ намудем, ки ашъори Ғаззӣ дорои хусусияти баланди эҷодӣ буда, дар онҳо афкори меҳанпарастона ва инсондӯстона равшан инъикос ёфтаанд. Инчунин дар ашъори шоир ёди ватан, пазмонӣ бар марзу буми он ва пайвандону ақрабо возеҳ таҷаллӣ ёфтааст. Аз ашъори Ғаззӣ чунин фаҳмида мешавад, ки ғарибӣ ва муштоқӣ ба меҳан маҷрои дарёи рӯзгор ва ашъори шоирро дигар карда, сабаби он гаштаанд, шеъраш лаззатбахш бо шавқи зодгоҳ ва сӯхташуда бо оташи ғурбат бигардад. Ғайр аз ин ашъори шоир баёнгари он аст, ки ӯ ду навъ ғурбатро таҷриба кардааст, яъне ғарибии ҷисмонӣ ва ғарибии рӯҳиву равонӣ, вале бо ин ҳама таҷрибаи сахтиҳо Ғаззӣ тавонист бо ашъори мондагораш номи худ ва зодгоҳашро ҷовидонӣ гардонад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни