Central AsianResearch Index

ВАРИАНТҲОИ ФРАЗЕОЛОГӢ ДАР ЛАҲҶАҲОИ ҶАНУБИИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Дар мақола сухан доир ба баъзе фразеологизмҳое меравад, ки дар забони тоҷикӣ ва лаҳҷаҳои он ҳангоми муомилаву муошират дар як намуд дучор намешаванд. Онҳо шакли худро тағйир медиҳанд. Ҳамин гуногунрангии шаклҳои лексикию грамматикии воҳидҳои фразеологӣ дар забоншиносӣ вариантҳои фразеологӣ ном доранд. Ин гуногуншаклӣ дар гӯйишҳои минтақаи Кӯлоб дар чор намуд ( вариант ) дучор шуд: вариантҳои фонетикӣ, грамматикӣ, лексикӣ ва ҳамқолиб . Дар варианти фонетикӣ ягон овози вожа тағйир меёбад, дар варианти грамматикӣ бошад як калима ба калимаи дигар иваз карда мешавад. Дар варианти лексикӣ шумораи ҷузъҳои таркиби ибора ё ҷумлаҳои фразеологӣ метавонад каму зиёд шавад. Вариантҳои ҳамқолиб ҷузъи асосӣ доранду ҷузъи ғайри асосӣ, яъне вожаи ивазшаванда. Калимаи асосӣ маънои умумии таъбирро васеътар, фаррохтар ва фаҳмотар инъикос менамояд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3 (116)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни