Central AsianResearch Index

ҚУТАЙБА ИБНИ МУСЛИМ ВА ҲИЯЛИ Ӯ ДАР ТАСАРРУФИ САМАРҚАНД

Муаллиф дар ин мақола ҳодисаи ишғоли шаҳри бостонии тоҷикон – Самарқандро дар оғози асри ҳаштум аз ҷониби арабҳо бар асоси манобеи таърихӣ таҳлилу баррасӣ мекунад. Қутайба ибни Муслим аз тарафи Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф соли 83 ҳ.қ. /702-703 ҳокими Рай ва соли 86 ҳ.қ./705 вилоятдори Хуросон таъйин гардид. Ҳукумати ӯ дар Хуросони Бузург 10 сол ба тӯл анҷомид. Ривоят аст, ки ӯ марде буд диловару сахтгир ва дар кори вилоятдорӣ бадрафтору золим. Замони фармондории Қутайба дар Хуросони Бузург муҳоҷирати аъроб ба ин сарзаминҳои ободу шукуфон ба маротиб бештар шуд. Қутайба бо кӯшиши бисёр тавонист аъробро дар Хуросони Бузург ба ҳадафи тасхири комили ин сарзамин муттаҳид созад. Қутайба бар ҳар шаҳре аз Хуросони Бузург , ки даст меёфт ва камтарин шакку тардиде дар мавриди исёни онҳо мекард, бедиранг мардуми он минтақаро ба бадтарин ваҷҳ ҷазо медод, асир мегирифт ва ба Куфаю Димишқ мефиристод. Қутайба дар замони фармондориаш ба сари шаҳрҳо ва мардуми Хуросони Бузург вайрониҳо ва бадбахтиҳои зиёде овард. Ҳангоми муҳосираи шаҳри Самарқанд дар оғози соли 94 ҳ. қ./октябри 712 муборизаи шадиде миёни лашкари Қутайба ва сокинони шаҳр рух дод. Баъд аз он ки Қутайба бовар ҳосил кард, ки бо ҷанг наметавонад муқовимати сокинони Самарқандро фурӯ нишонад ва шаҳрро тасхир кунад, ба фиреб даст зада, ба шаҳр ворид шуд. Арабҳо бо фармони Қутайба маъбадҳои Самарқандро ба оташ кашида, хароб сохта, сарватҳои беҳисоби шаҳриёнро ғорат намуданд

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2025 · № 1 (41)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА