УСУЛҲОИ ТАРҶУМАИ ВОЖАҲОИ АСЛИИ ТОҶИКИИ СЕРМАЪНОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БА ЗАБОНИ АНГЛИСӢ
Хусусиятҳои сермаъноӣ зоҳир кардани унсурҳои луғавии «Маснавии маънавӣ» -и Ҷалолуддини Балхӣ баррасӣ шуда, дар асоси маводи асар муайян гардидааст, ки дар он гурӯҳе аз калимаҳо аз ду то ҳафт маъноро ифода кардаанд. Аз қиёси теъдоди калимаҳои сермаъно хулоса шудааст, ки миқдори бештари калимаҳо дорои ду маъно буда, теъдоди калимаҳои ҳафтмаъно хеле кам аст. Чунин калимаҳоро тарҷумони англисии асар низ бо айни як унсури луғавии англисӣ тарҷума карда, гоҳ мувофиқати пурра доштан ва гоҳи дигар бо фарқҳои ҷузъӣ баргардон шудани онҳоро таъкид намудааст. Таъкид шудааст, бархе аз маъноҳои калимаҳо хоси сабки баёни Мавлавӣ мебошанд, зеро мураттибони луғатномаҳо пас аз шарҳи маъно танҳо аз осори ӯ далели шеърӣ зикр намудаанд. Муқоисаи маъноҳои калимаҳо дар фарҳангномаҳои тоҷикиву англисӣ ва «Маснавии маънавӣ» қайдгардида муаллифро ба хулосае овардааст, ки чанде аз маъноҳои дар асар дарҷёфта дар луғатномаҳо ишора нашудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 102, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП