УСУЛҲОИ ТАРҶУМАИ ИСМҲОИ СОХТАИ БО ПАСВАНДИ –Ӣ ТАШАККУЛЁФТАИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»-И ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ БА ЗАБОНИ АНГЛИСӢ
Усулҳои тарҷума шудани исмҳои сохтаи сермаънои тоҷикии бо пасванди –ӣ ташаккулёфтаи «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ ба забони англисӣ баррасӣ шудааст. Маълум мегардад, ки Р. А. Николсон дар баргардони матни маснавии мазкур маҳорати калони тарҷумонӣ нишон дода, барои мушаххасу нишонрас ифода ёфтани матлаб вожаҳои тоҷикиро бо калимаҳои гуногунсохти англисӣ баён намудааст. Қонуну қоидаи тарҷума Р. А. Николсонро водор кардааст, ки исмҳои сохтаи бо пасванди –ӣ ташаккулёфтаро гоҳ бо унсурҳои луғавии сода, гоҳ бо сохта тарҷума намуда, дар мавридҳои алоҳида истифодаи воҳидҳои тавзеҳиро низ бамаврид шуморидааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 99, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП