Central AsianResearch Index

УСУЛҲОИ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСӢ ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ ДАР ТАРБИЯИ НАВРАСОН

Мақолаи мазкур ба яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва мубрами педагогика ва психологияи муосир - ташаккули худшиносии миллӣ дар байни насли наврас дар шароити ҷаҳонишавӣ бахшида шудааст. Дар мақола равандҳои мураккаби пайдоиш ва рушди ҳуввияти миллӣ ҳамчун омили калидии суботи ҷомеа ва ҳифзи асолатҳои фарҳангӣ баррасӣ мешаванд. Муаллиф таъкид мекунад, ки худшиносӣ на танҳо донистани таърих ва забон, балки эҳсоси амиқи масъулият дар назди Ватан ва ниёгон мебошад. Дар заминаи таҳлили адабиёти илмӣ, мақола мафҳумҳои « худшиносӣ » ва « ҳуввияти миллӣ »-ро шарҳ дода, нақши онҳоро дар сохтори шахсияти наврас муайян мекунад. Қайд карда мешавад, ки давраи наврасӣ марҳилаи ҳассостарин барои қабули арзишҳои маънавӣ ва шаклгирии ҷаҳонбинӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин давра заминаи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ифтихор аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва садоқат ба марзу буми кишвар гузошта мешавад.

Сведения

Опубликовано
2026 · № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан