Central AsianResearch Index

УСУЛҲОИ ШАРҲИ ВОЖАҲОИ ҲАММАЪНО ДАР ТАЪРИХНОМАҲОИ САДАҲОИ X-XIII

Усулҳои зикр ва шарҳи вожаҳои ҳаммаъно дар таърихномаҳои асрҳои X-XIII баррасӣ шудааст. Дар асоси маводи фактологии аз ҳашт таърихномаи тоҷикӣ ва тарҷумавии садаҳои X-XIII гирдоварда, аз ҷумла “Таърихи Табарӣ”, “ Таърихи Бухоро”, тарҷумаи “Таърихи Яминӣ” ва ғайра нишон дода шудааст, ки насри таърихӣ ба ғайр аз таъиноти мустақим, яке аз сарчашмаҳои муҳимми омӯзиши вожаҳои ҳаммаъно ба шумор меравад. Қайд гардидааст, ки муаллифон ё мутарҷимони таърихномаҳо ҳангоми зикри рухдодҳои таърихӣ дар 62 маврид аз унсурҳои лексикии ҳаммаъно ёдовар шуданд. Таъкид гардидааст, ки муаллифони таърихномаҳо баъзан мансубияти забонии як вожаи ҳаммаъно ва дар мавридҳои дигар ҳар ду вожаи ҳаммаъноро сабт мекунанд. Дар мавридҳои алоҳида номи бостонии топоним низ зикр мегардад. Хулоса шудааст, ки таърихномаҳои асримиёнагӣ низ дар қатори дигар осори хаттӣ яке аз манбаъҳои асосии огоҳшавии хонандаи имрӯза аз қайдҳои забоншиносӣ ба шумор меравад.

Сведения

Опубликовано
2025 · Т. 102, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП