УСУЛҲОИ ШАРҲИ ВОЖАҲО ДАР ТАЪРИХНОМАҲОИ САДАҲОИ X-XIII
Усулҳои шарҳи унсурҳои луғавӣ дар таърихномаҳои ба забони тоҷикӣ таълифшуда ва тарҷумагардидаи садаҳои X-XIII баррасӣ шудааст. Дар заминаи маводи аз ҳашт таърихномаи садаҳои зикршуда гирдоварда роҳҳои тафсири маънои вожаву ифодаҳои мансуб ба забонҳои мухталиф, ки соҳибони чунин осор пеш гирифтаанд, ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Дар асоси муқоисаи маводи таърихномаҳо хулоса шудааст, ки дар маҷмуъ дар онҳо 89 адад воҳидҳои луғавӣ бо се усул тафсир карда шудаанд. Таъкид гардидааст, ки теъдоди бештари унсурҳои луғавӣ дар тарҷумаи “Таърихи Табарӣ”-ву “Зайн-ул-ахбор” ва камтарашон дар “Ғурар-ус-сияр”-и Саолибиву “Таърихи Бухоро”-и Наршахӣ ба назар мерасанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 105, № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП