УСУЛҲОИ ИННОВАТСИОНИИ ТАЪЛИМИ МУОДИЛАҲОИ ДИФФЕРЕНСИАЛӢ ДАР ЗАМИНАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ
Мақолаи мазкур ба таҳқиқи усулҳои инноватсионии таълими муодилаҳои дифференсиалӣ дар заминаи технологияҳои рақамӣ бахшида шудааст. Рушди босуръати технологияҳои рақамӣ зарурати такмили усулҳои таълимии фанҳои дақиқро ба миён овардааст. Муодилаҳои дифференсиалӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими математика дар таҳқиқи равандҳои динамикӣ, техникӣ ва иқтисодӣ мавқеи муҳим доранд. Аз ин рӯ, такмили методикаи омӯзиши онҳо бо истифода аз технологияҳои муосир яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии таҳқиқот таҳия ва татбиқи амсилаи таълимӣ ҷиҳати татбиқи технологияҳои инноватсионӣ зимни омӯзиши муодилаҳои дифференсиалӣ ба ҳисоб рафта, дар раванди таҳқиқот усулҳои таҳлил, муқоиса ва амсиласозӣ татбиқ гардидааст. Дар натиҷа амсилаи таълимии ҳамгироии усулҳои анъанавии таълим бо имкониятҳои технологияҳои рақамӣ таҳия карда шуд. Инчунин, бо истифода аз забони барномасозии Python барномаи компютерӣ таҳия гардида, раванди ҳалли муодилаҳои дифференсиалӣ ба таври визуалӣ ва интерактивӣ намоиш дода шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ дар якҷоягӣ бо усулҳои инноватсионӣ самаранокии раванди таълимро баланд бардошта, имконияти ташкили муҳити интерактивии омӯзишро фароҳам меорад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан