УСУЛҲОИ БАҲОДИҲИИ САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТОНИ СОҲИБКОРИИ САНОАТӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Дар мақолаи мазкур моҳияти мафҳуми « самаранокӣ » муайян карда шуда, зарурияти баррасии усулҳои баҳодиҳии самаранокии фаъолияти субъектони соҳибкории саноатӣ шарҳу тавсиф дода шудааст. Таъкид карда шудааст, ки бинобар вуҷуд доштани усулҳои зиёди баҳодиҳӣ, самаранокии соҳибкорӣ дар маҷмуъ масъалаи мураккаб, гуногунҷанба ва баҳсталаб маҳсуб мешавад. Намудҳои самаранокии фаъолияти субъектони соҳибкорӣ вобаста ба аҳамият ва таъиноташон ба иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ҷудо карда шудааст. Инчунин қайд карда шудааст, ки дар вобастагӣ аз самтҳои фаъолияти субъектони соҳибкорӣ самаранокии истеҳсолӣ , тиҷоратӣ, молиявӣ, инноватсионӣ, инвеститсионӣ ва маркетингиро аз хамдигар фарқ кардан мумкин аст. Дар натиҷаи таҳқиқот ва шиносоӣ бо ақидаҳои олимони соҳа, чунин хулоса бароварда шудаст, ки дар оянда «самаранокии фаъолият» ва «самаранокии иқтисодии фаъолият» ҳамчун мафҳумҳои маъно якхеладошта истифода бурда шаванд. Барои дар як самти муайян амалӣ кардани таҳқиқот нишондиҳандаҳои асосиии баҳодиҳии самаранокии фаъолияти субъектони соҳибкории саноатӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуда, гуруҳбандӣ карда шудааанд. Асоснок карда шудааст, ки нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти субъектони соҳибкории саноатӣ аксар маврид ҳангоми тавсифи намудҳои гуногуни самаранокӣ такроршаванда буда, якдигарро пурра мекунанд. Аз ин рӯ, таъкид карда шудааст, ки маҳз истифодаи тамоми усулҳо ва нишондиҳандаҳои имконпазир метавонанд самаранокии фаъолияти субъектони соҳибкории саноатиро аз ҳар ҷиҳат дар худ ифода созанд ва бо ҳамин восита ба мақсади таҳқиқот мувофиқ бошанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 2.1 (31)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет