УСУЛҲО ВА РОҲҲОИ ИДОРАКУНИИ ДАРОМАД ВА ХАРОҶОТИ АҲОЛӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ БОЗОРГОНӢ
Дар мақола муаммоҳои назариявии таҳлили функсияи истемолӣ дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ баррасӣ карда шудааст. Нуқтаи назари иқтисоддонҳо ба монанди Дж. Кейнс, С. Кузнес, Д. Дьюзенберг ва М. Фридман оиди аҳамияти функсияи истемоли таҳқиқ карда шуда, муайян карда шудааст, ки дараҷаи истемолии инсон нафақат аз даромади номиналии он, инчунин аз ҷое, ки дар ҷадвали даромад ишғол мекунад вобаста мебошад. Ғайр аз он дар мақола эътирофи вуҷуд доштани даромади муваққатӣ дар фарзияи даромади бефосилаи М. Фирдман оварда шудааст. Дар мақола инчунин намудҳои тамоилоти садамот аз даромад, яъне аксуламали ҳархелаи истеъмолкунанда нишон дода шудааст. Дар асоси маълумотҳои оморӣ маҷмӯи даромади ҳар нафар аҳолӣ ва сохтори хароҷоти истеъмолии хонаводаҳо таҳлил карда шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои таҳлил тамоюли тағйир ёфтани сохтори хароҷоти истемолии хонаводаҳо муайян карда шуда, роҳҳои такмили он нишон дода шудааст. Ғайр аз он дар мақолаи илмӣ барои пурра инъикос намудани хароҷоти аҳолӣ якчанд нишондиҳандаҳои иловагӣ ба монанди захираҳои дар ихтиёр доштаи хонаводаҳо, хароҷотҳо барои хариди мол ва хизматрасониҳо пешниҳод карда шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 2 (41)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет