УСТУВОРИИ ЗАНОН ДАР ПОЙДОРИИ А СОЛА ТИ ХОНАВОДАГЙ
Дар мақола масъалаи устувории занон дар пойдории асолати хонаводагӣ дар мисоли достонҳои таркиби “ Шоҳнома ”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва“ Хамса ”-и Низомии Ганцавӣ таҳқиқ шудааст. Ҳамзистӣ ва оромиш дар цомеа аз бисёр циҳат ба устувории хонаводаҳо ва фарҳанги тарбияти хонаводагӣ иртибот дошта, калиди чунин рафоҳияти ицтимоӣ, қабл аз ҳама, дар дасти занон ва устувории онҳо дар ҳифзи асолати хонаводагӣ алоқаманд аст. Ба сурати куллӣ, мавзӯи оила, яъне ташкили хонавода ва тарбияи фарзанд, ки дар цомеаи инсонӣ яке аз мавзӯъҳои муҳим ва калидӣ маҳсуб мешавад, дар таърихи адабиёти форсу тоцик аз цойгоҳи хоссе бархурдор мебошад, зеро ташкили оилаи хубу солим ва фарзандони шоиставу боиста боиси ободиву пешравӣ дар кишварҳо ва дар ҳамаи цомеаҳо мебошад. Омӯзаҳои ахлоқӣ ва тарбиятие, ки дар заминаи мазкур ва дар ҳамбастагӣ бо масъалаи ташкили хонаводаи шоиста, риояти вазифаҳои модарӣ ва тарбияи фарзанд дар асарҳои цудогона баён шудаанд, дар тарбияи оилаи солим дар цомеаи имрӯз ҳам нақши созанда мебозанд. Масалан, яке аз масъалаҳои асосие, ки дар достонҳои цудогонаи таркиби “ Шоҳнома ”-и Ҳаким Фирдавсӣ ва “ Хамса ”-и Ҳаким Низомии Ганцавӣ мавриди тасвир ва таҳқиқи бадеӣ қарор ёфтаанд, ташкили оила, цустуцӯи цуфти муносиб, ҳамзистӣ ва оромиш дар хонавода мебошад. Дар адабиёти қурунивустоии мо адибон ба ин мавзӯъ аз диду тафаккури адабии худ ворид шуда, дар низоми ҳамгироӣ тавонистаанд, онро равнақ бахшанд. Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар “ Шоҳнома ”, киҳамосаи миллии мардуми эронитабор маҳсуб меёбад, дар матраҳ намудани масъалаи одоби хонаводагӣ нақши бонувонро аввалиндараца медонад. Низомии Ганцавӣ ҳам дар панц достони “ Хамса ”-и худ фазилату бузургии занонро шабчароги кошонаи дил медонад. Дар мисолҳои таҳлилшуда дар мақола муносибати адабии ду шоири тавонои тоҷик дар алоқа бо тасвири устувории бонувони нексиришту покгуҳар дар бинои оилаи солим ва ҳифзи асолати хонаводагӣ бармало намудор аст.
Сведения
- Опубликовано
- 2020 · № 4 (85)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП