Central AsianResearch Index

ҶУСТУҶӮИ МАЗМУН ВА ШАКЛИ НАВ ДАР ШЕЪРҲОИ «БУХОРОИ ШАРИФ»

Мақолаи мазкур ба таҳлили равандҳои нави шеъри тоҷикӣ дар оғози асри ХХ дар рӯзномаи «Бухорои шариф» иртибот дорад. Муаллиф тағйироти шакливу мазмунӣ ва заминаҳои инқилоби адабиро баррасӣ намудааст. Мавриди таваҷҷуҳ аст, ки анъанаҳои шеърии классикӣ дар заминаи талаботи нави иҷтимоӣ бозофарида шудаанд. Навовариҳои Мирзо Ҷалол ва Мирзо Сироҷ намунаи равшани шеъри иҷтимоӣ ва бедории маърифатӣ маҳсуб мешаванд. Дар мақола ишора гардида, ки навпардозӣ на дар шакли зоҳирӣ, балки бештар дар мазмун ва ҳадафҳои ҷамъиятӣ сурат гирифтааст. Муаллиф бо мисолҳои возеҳ, тазмини эҷодии шоиронро аз осори классикон таҳлил намудааст. Раванди татбиқи унсурҳои реализми аврупоӣ дар шеъри маорифпарварони тоҷик возеҳ нишон дода мешавад. Мақолаи мазкур баҳсҳои адабӣ ва таъсири «Бухорои шариф» -ро дар ташаккули шеъри нав ошкор месозад. Навиштаи мазкур саҳми рӯзномаи мазкурро дар рушди адабиёти навини тоҷик исбот мекунад. Муаллиф пайванди дурусти анъана ва таҷдиди адабиро таъкид менамояд. дар асоси далоили ин мақола, шеъри нав , бар хилофи тасаввуроти суннатӣ, аз муҳтавои иҷтимоӣ ва илмомӯзӣ сарчашма мегирад. Дар таҳқиқ аҳаммияти маорифпарварӣ ҳамчун омили асосии навоварии шеър намоён шудааст. Муҳаққиқон таваҷҷуҳи вежа ба хусусияти публитсистии шеърҳои нашршуда зоҳир намудаанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2 (115)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни