ҲУСАЙН ВОИЗИ КОШИФӢ ВА МАКТАБИ АДАБИИ ҲИРОТ
Ҳусайн Воизи Кошифӣ яке аз бузургтарин суханварони асри XV аст, ки рӯзгору фаъолияташ то имрӯз пажӯҳишгарон ва муҳаққиқони адабиётшиносӣ ва таърихнигориро ба худ ҷалб намудааст. Агарчи рӯзгори ин адиби бузург ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шудааст, аммо масъалаи таъсири мутақобилаи мактаби адабии Ҳирот ва Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз назари пажӯҳишгарон дур монда, дар ин маврид чизи қобили таваҷҷуҳ ёфтан душвор аст. Бо таваҷҷуҳ ба осори бисёр ва дар айни ҳол гуногунҷабҳаи Кошифӣ муаллифи ин мақола кӯшидааст, ки пайванди ин сермаҳсулӣ ва пуркории Ҳусайн Воизи Кошифӣ бо мактаби фарҳангӣ-адабии Ҳироти асри XV-ро дарёбад. Зимни баррасии аҳволи мактаби илмӣ-фарҳангии Ҳироти асри Кошифӣ маълум гардид, ки дарбор ҳамчун такягоҳи ниҳодҳои фарҳангӣ ва илмӣ барои пешрафти илм дар Ҳирот саҳми бузург доштааст. Ҳамин ҳимоят ва дастгирии моддӣ ва маънавии дарбор олимон ва донишмандонро имконият додааст, ки масоили маишии рӯзгори худро сарфи назар карда, умри бобаракати хешро ба омӯзиш ва парвариш сарф кунанд...
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан