Central AsianResearch Index

УНСУРҲОИ ТАШКИЛДИҲАНДАИ АНДЕША ВА АФКОРИ СОИНУДДИНИ ХУҶАНДӢ

Масъалаи сарчашмаҳои ташаккули таълимоти мутафаккири барҷастаи куруни вусто Соинуддини Хуҷандӣ, ки яке аз намояндагони дурахшони хонадони маъруфи Оли Хуҷанд дар Исфаҳон мебошад, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Зикр гардидааст, ки сарчашмаҳои асосии таълимоти Соинуддин анъанаи исломӣ, яъне Қуръону ҳадис ва шариат , тасаввуф , ирфон , машшоияи шарқӣ, фалсафаи ишроқ ва ҳуруфия ба шумор мераванд. Бо такя ба гуфтаҳои худи мутафаккир мулоҳизаи як қатор олимон дар бобати мансубияти Соуниддини Хуҷандӣ ба мазҳаби шеа рад карда шудааст. Таъкид гардидааст, ки Соуниддини Хуҷандӣ аввалин шуда ба талфиқи таълимоти Ибни Сино, Суҳравардӣ ва Ибни Арабӣ , яъне ба ҳам овардани ишроқия ва машшоия кӯшиш ба харҷ додааст, аз ин рӯ аз пешкисватони дастовардҳои Садруддини Шерозӣ (1572-1640), ки бо номи Мулло Садро маъруфият дорад, маҳсуб мегардад. Нақши Соуниддин дар пайдоиши ҳикмати мутаолияи Мулло Садро пайгирӣ шудааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 94, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП