УНСУРҲОИ ЧЕҲРАНИГОРИИ АДАБӢ ДАР АДАБИЁТИ ТОҶИК
Дар мақола унсурҳои чеҳранигории адабӣ дар эҷодиёти адабиётшинос, мунаққид ва тарҷумони тоҷик Абдураҳмон Абдуманнон дар мисоли китоби ӯ «Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик» баррасӣ шудааст. Қайд карда мешавад, ки жанри чеҳранигории адабӣ дар эҷодиёти А.Абдуманнон мавқеи асосиро ишғол намуда, ӯ дар давоми тамоми фаъолияти эҷодиаш борҳо ба ин жанр муроҷиат кардааст. Муаллифи мақола муҳтавои китобро таҳлил намуда, олами баҳсталаби бадеии нависандаи он, мавқеи чеҳранигории адабиро дар адабиётшиносӣ нишон медиҳад. Маҳорати А.Абдуманнон дар тасвири қаҳрамонҳо, муносибати эҳтиёткоронаи ӯ ба ҳар як ҷузъиёти зиндагиномаи шахсияти хос қайд карда мешавад: ӯ ба симои қаҳрамон, рафтор, одат ва тарзи зиндагонии он аҳамият медиҳад, то ки хонанда дар бораи шахсияти мавсуф, олами ботинии вай, муносибати ӯ бо одамони дигар ва хислати он шахс тасаввурот пайдо кунад. А.Абдуманнон дар чеҳранигории адабӣ сарнавишти гузаштагонро таҳлил намуда, кӯшиш мекунад ба саволхое, ки имруз дар атрофи онҳо ба миён меоянд, ҷавоб диҳад
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 2 (75)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова