Central AsianResearch Index

ҶУНБИШИ ШУУБИЯ ВА МАХСУСИЯТИ МАЪРИФАТУ ҶАҲОНШИНОСИИ ТОҶИКОН

Муаллиф дар мақолаи мазкур оид ба ҷанбаҳои муҳимми фаъолияти шуубиён ва паёмади он барои миллати тоҷик ибрози назар намудааст. Дар асоси манбаъҳои таърихӣ ва натиҷаи таҳқиқоти муҳаққиқону донишмандони ватаниву хориҷӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки фаъолият ва афкори шуубиён инъикосгари махсусияти маърифату ҷаҳоншиносии тоҷикон ба шумор мерафт. Дар он марҳилае, ки шуубиён дар пайи ҳифзи хотироти ғановатманди таърихи мардуми хеш камар бастанд, на ба ҳар халқ муяссар гардид, ки ҳастии хешро ҳифз намоянд. Маҳз таҷрибаи таърихӣ, сатҳи баланди эҳсоси миллӣ ва дарки амиқи паёмади ин равандҳои сарнавиштсоз боис гардид, ки мардумони Хуросону Мовароуннаҳр дар масири ҳифзи асолати миллӣ тавассути андешамандони шуубӣ муваффақ шаванд. Чи хеле, ки маълум мегарад, аксар пайравони шуубия дар рушду нумуъи илму адаби араб низ нақши худро гузоштаанд. Минбаъд дар заминаи мактаби шуубиён садҳо чеҳраҳои илму адаб ба ҷаҳони ислом ворид гардиданд, ки дар густариши тамаддуни исломӣ нақши мондагор гузоштанд. Таҳлили вазъи манотиқи ғайриарабии густариши ислом шаҳодат аз он медиҳад, ки ягона минтақае, ки сифатҳои аслии миллию фарҳангии хешро ҳифз намуданд мардумони Хуросону Мовароуннаҳр мебошанд. Мардуми қисми шимолии Африқо, Шарқи наздик ва дигар сарзаминҳо аксаран на танҳо дин, балки арзишҳои миллӣ ва фарҳангии хешро аз даст дода минбаъд араб кунонида шуданд. Бо дарназардошти хидмати бузурги шуубиён имрӯз метавон онҳоро ҳамчун ҳомиёни асили фарҳангу мафкураи милли тоҷикон номид. Дар маҷмуъ талошу пайкорҳои фикрии онҳо боис гардид, ки дар навбати аввал арзишҳои миллӣ ҳифз шаванду муносибати маъмурони араб нисбати тоҷикон муътадил гардад. Маҳз талошу муборизаҳои фикрии онҳо буд, ки заминаи воридшавии сулолаҳои тоҷиктабори Бармакиён, Тоҳириён ва Сомониён ба низоми идории хилофат гузошта шавад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 1 (114)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни