ҲУНАРИ КИТОБОРОӢ МЕРОСИ АРЗИШМАНДИ МАРДУМИ ТОҶИК
Ҳунари китобороӣ яке аз бахшҳои муҳимми мероси фарҳангии мардумони эронӣ, ба вижа Хуросон, Вароруд ва Эрон аст. Дар Осиёи Марказӣ бо омезиши фарҳанги исломӣ бо фарҳанги мардуми муқимӣ, риштаҳои ҳунарӣ, бахусус ҳунари хушнависӣ ва китобороӣ рушд ёфта, силсилае аз хушнависони барҷаста рӯйи кор омаданд. Хушнависӣ ва китобороӣ ҳамчун пешаи дорои асолат, риштаи ҳунарии зарифе барои фаъолият ва касби даромади қишри ҳунармандони мо маҳсуб мешуд. Дар мақола бештар бахшҳои баррасишудаи ҳунари асри XIX тавассути муҳаққиқон ва ҳамзамон бахшҳои баррасӣ нашудаи он ҳунарҳо аз лиҳози тахассусӣ, илмӣ ва ҳунарӣ арзёбӣ мешавад. Муаллиф ба ин натиҷа мерасад, ки ҳунари асили китобороӣ , ки аз фарҳангу маънавияти ниёгони тоҷик дарак медиҳад, имрӯз низ ба қадри кофӣ ва зарурӣ муҳим буда, дар рушди ҳунари муосир ва муаррифии ҳунари ниёгон саҳме дошта бошад. То замони мо намунаҳои бисёр олии китобҳои ороишёфта, аз ҷумла «Хамса»-и Низомӣ ва «Бӯстон»-и Саъдӣ аз асри XV, «Ҳафт Авранг»-и Ҷомӣ, «Девон»-и Ҳофиз ва «Зафарнома»-и Темурӣ аз асри XVI, «Юсуфу Зулайхо»-и Ҷомӣ ва «Зафарнома»-и Шарофиддини Яздӣ аз асри XVII, «Маҷолис-ул-ушшоқ» аз асри XVIII, «Ҳазору як шаб»-и Саниъ-ул-Мулк аз асри XIX ва анвои «Қуръон»-ҳо ва «Шоҳнома»-ҳои дар тӯли ин асрҳо тавассути ҳунармандони машҳуру номашҳур сохта шуда, дар китобхонаву хазинаҳои чанде аз кишварҳои дунё маҳфузанд. Дар мақола атрофи чигунагии ҳунари китобороӣ , раванди такомул ва таназзули он, шарҳи хусусиёти он изҳори назар шудааст. Муаллифи мақола, ки худ мустақиман бо осори хушнависӣ ва катби ниёгон ошно аст ва таҳқиқоте анҷом додааст, гӯшае аз таҳқиқоти худро дар шакли мақола барои хонандагон пешкаш менамояд.
Сведения
- Журнал
- Historian
- Опубликовано
- 2024 · № 3 (38)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-7382
- Издатель
- ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА