ҶУМЛА ВА МАВҚЕИ ОН АЗ НИГОҲИ ЗАБОНШИНОСОН
Мақолаи мазкур ба масъалаи баъзе хусусиятҳои ҷумла ва мавқеи он дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ бахшида шуда, доир ба хусусият , умумият, тафоввут ва роҳҳои ифодаи онҳо сухан меравад. Ҳамчунин, муаллифон дар мақола бо мисолҳои мушаххаси ду забон роҳҳои интиқоли баъзе ҷумлаҳои содаро нишон додаанд. Раванди тадқиқ нишон дод, ки мубтадо ва хабар асоси ҷумлаи содаро ташкил медиҳанд: мубтадо сараъзои асосии ҷумла буда, хабар тобеи он аст. Вале ҳарчанд, ки хабар ба мубтадо тобеъ бошад ҳам, ҷумла бе иштироки хабар комил вуҷуд дошта наметавонад. Яке аз қисматҳои асосии дигари ҷумла , аъзои ҷумла ба шумор мераванд, ки вазифаҳои синтаксисии гуногунро иҷро мекунад. Онҳо метавонанд аз калима ва ибораҳои ягона иборат бошанд. Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки дар баробари сараъзо дар ҷумла мавқеи аъзои пайрав низ беназир аст, ки дар доираи ду забон ифодаи якхела доранд: муайянкунанда, пуркунанда, ҳол. Дар ҷумла , дар ҳар ду забон ҳам асосан ба вазифаи хабар феъл корбурд мешавад, чунки феъл ягона ҳиссаи нутқест, ки амалу ҳолат ва ҳаракату вазъияти мубтадоро мефаҳмонад. Ба вазифаи хабар инчунин исм, сифат, ҷонишин, шумора, масдар, сифати феълӣ ва калимаҳои дигар низ омада метавонанд, вале барои ифода намудани категорияи грамматикии шахсу шумора, замону сиға ва ахбор ба онҳо феълҳои ёридиҳанда ва бандакҳои хабарӣ илова карда мешаванд.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 1 (102)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни