ҲУКУМАТИ ҒУРИЁН ДАР ҲИНД
Дар мақола замони ҳукумати Ғуриён дар Ҳиндустон инъикос ёфтааст. Муаллифи мақола қайд менамояд, ки баъди истилои давлати Ғуриён дар Хуросон аз ҷониби Муҳаммад Хоразмшоҳ пурра аз байн нарафта, ғуломони турки Ғуриён дар Ҳиндустон аз номи ин давлат то соли 1290 ҳукмронӣ намуданд. Хусусан, дар давраи Шамсуддин Илтутмиш ҳудудии салтанати Ғуриёни Ҳинд хеле васеъ гардид. Муаллиф ба хулосае меояд, ки давлатдории Ғуриён дар Ҳиндустон , ки аз ҷониби ғуломони Ғур идома ёфт, мустақил буда, ба номи худ сикка зарб мезаданд ва хутбаи намоз низ ба номи онҳо хонда мешуд. Аммо ин давлат устувор ва мутамарказ набуд. Аз ин сабаб байни ҳокимони шаҳру қалъаҳо зуд-зуд мухолифатҳо сар мезад. Забони давлатии салтанати Ғуриёни Ҳинд забони тоҷикӣ ва пойтахташон шаҳри Деҳлӣ буд.
Сведения
- Журнал
- Historian
- Опубликовано
- 2024 · № 4 (39)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-7382
- Издатель
- ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА