ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ҲАМЧУН КОНСЕПСИЯИ РУШД ВА ФАЗОИ ИДОРАКУНӢ
Мақола ба нақши технологияи иттилоотӣ дар рушди ҳукумати электронӣ ва идоракунии электронӣ бахшида шудааст. Аз ҷониби муаллиф, нақшаҳои мутобиқати мафҳуми иттилоотонӣ ва компютеркунонии ҷамъият ва нақшаи алоқамандии байниҳамдигарии шохиси рушди ҷамъияти иттилоотӣ таҳия карда шудааст. Инчунин, ҷадвали аломатҳои асосии ҷомеаи иттилоотӣ тартиб дода шудааст. Дар ҷадвал доир ба меъёрҳои таҳлил ва тавсифи ҳолати ҷамъият пешниҳодҳои муфид карда шудааст. Дар мақола муаллифон қайд менамоянд, ки айни замон дар рушду пешрафти технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ мавқеи аввалро чунин намуди хизматрасонӣ, ба мисли хизматрасонии идоракунӣ ва тиҷоратӣ, ки он ташкили сохтори ҳукумати электрониро пешбинӣ менамояд, ишғол мекунад. Ҳукумати электронӣ худ яке аз падидаҳои дурахшони тамоюли замони муосир компютеркунонӣ ва ташкили ҷомеаи иттилоотӣ маҳсуб меёбад. Дар мақола пешниҳод карда шудааст, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳукумати электронӣ ва ба тарзи сода иҷронамоии ҳама гуна хизматрасониҳо мо бояд миёни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем, то ин ки сафи истифодабарандагони технологияи иттилоотӣ зиёд гардад.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 4 (28)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет