Central AsianResearch Index

ҲУҚУҚИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ БАРОИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ

Дар мақола таъкид мегардад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди иқтисодиёти донишбунёд, фаъолияти соҳибкорӣ ба яке аз воситаҳои муҳими таъмини устувории молиявии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва рушди инноватсия табдил ёфтааст. Ҳамзамон, норасоии танзими мукаммали ҳуқуқӣ, мавҷудияти ихтилофоти меъёрӣ ва номуайянии мақоми ҳуқуқии МТОК ҳамчун субъекти фаъолияти соҳибкорӣ боиси ба миён омадани мушкилоти назариявӣ ва амалии ҷиддӣ мегардад. Дар асоси таҳқиқоти олимон, аз ҷумла Э. Кабутов, М. З. Раҳимзода, Д. Ш. Сангинзода ва Н. И. Муминзода, муаллиф ба хулоса меояд, ки зарурати таҳияи консепсияи ягонаи ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва такмили қонунгузории миллӣ дар ин самт мавҷуд аст. Мақола аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дошта, метавонад барои рушди илми ҳуқуқ, такмили низоми қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода гардад.

Сведения

Опубликовано
2026 · № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан