Central AsianResearch Index

ТЕМА ВА РЕМА ДАР СОЗМОНҲОИ МАФЪУЛИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Масъалаи тема ва рема , ки бо таҷзияи актуалии ҷумла алоқамандии зич дорад, мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Самтияти коммуникативии ҷумлаҳои англисӣ дар созмонҳои мафъулӣ баррасӣ шудааст, зеро дар созмонҳои мазкур ҷузъҳои мухобиравии ҷумла , яъне тема ва рема бештар инъикос меёбанд. . Ҳар як ҷумла ҳамчун воҳиди мухобиравӣ мақсадеро дар худ инъикос менамояд. Тавассути ҷумла гӯянда мехоҳад ба шунаванда хабари наверо расонад, чизи ба хеш номаълумеро пурсад ё ҳамсӯҳбатро ба иҷрои амале водор созад. Бин6обар ин ба баррасии раванди коммуникативии созмонҳои мафъули забони англисӣ диққати махсус дода шудааст зеро дар созмонҳои мазкур ҷузъҳои мухобиравии ҷумла , яъне тема ва рема бештар инъикос меёбанд. Хусусиятҳои тематикӣ ва рематикии гуфтор дар забоншиносӣ равандҳои гуногуни муоширатӣ доранд. Муносибати онҳо бо аъзоҳои ҷумла зич марбут буда, барои забон ҳам аз ҷиҳати назарӣ ва ҳам амалӣ муҳим ва рӯмарра ба шумор меравад. Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр забоншиносон ба ин масъала диққати махсус додаанд.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 93, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП