ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИРИ ИТТИЛООТӢ ДАР РАВАНДИ ТАҲСИЛОТ
Мақолаи мазкур ба таҳлили таъсири технологияи муосири иттилоотӣ ба раванди таҳсилот бахшида шудааст. Муаллиф нишон медиҳад, ки воридшавии технологияҳои рақамӣ муҳити таълимиро куллан тағйир дода, усулҳо, мазмун ва имкониятҳои омӯзишро навсозӣ намудааст. Таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи интернет , платформаҳои таълимӣ, воситаҳои электронии омӯзиш ва рушди малакаҳои рақамии омӯзгорон ва муҳассилин равона шудааст. Мақола ҳамзамон мушкилотеро чун нобаробарии рақамӣ ва дастрасии маҳдуд ба технологияи муосир таҳлил мекунад. Дар анҷом, тавсияҳо барои беҳсозии сиёсати рақамикунонии таҳсилот пешниҳод гардидаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан