Central AsianResearch Index

“тазкират-ут-шуаро”- ҳоҷӣ Абдулазими шаръӣ ва ашъори арабии он

Дар ин мақола, доир ба ашъори арабии “Тазкират-уш-шуаро”-и Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ маълумот дода шудааст, ки он яке аз сарчашмаҳои машҳури охирҳои асри XIX ва оғози асри XX ба ҳисоб меравад. Дар тазкира доир ба ҳаѐту осори чанд тан аз шоирони асри мазкур маълумот дода шуда, намунае аз шеъри онон зикр гардидааст. Дар баробари ашъори форсӣ, ҳамчунин намунаҳо аз шеъри ба забони арабӣ сурудаи шоирони зуллисонайни давр аз қабили Мулло Акмалхоҷаи Тошкандӣ, Мулло Мир Зуҳуруддин махдуми Бухороӣ ва Мулло Раҳматуллоҳ Қории Возеҳ низ дарҷ гардидааст. Мавзӯи асосии ашъори онҳоро мадҳу васф ва ғазал фаро гирифта, бо ҳунари баланди шоирӣ ва дар пайравӣ ба шеъри куҳани арабӣ навишта шудааст. Ҳамчунин бояд таъкид намуд, ки дар мақолаи мазкур абѐте чанд аз ашъори арабии шоирони фавқуззикр оварда шуда, тарҷума ва мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Инчунин дар мақола, доир ба саҳми шоирону нависандагони форсизабони эронитабор дар ташаккули адабиѐти давраҳои гуногуни арабиѐти араб ва арабизабони форсу тоҷик маълумот дода шудааст.

Сведения

Опубликовано
2019 · № 1 (58)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова