ТАВСИФИ КРИМИНАЛИСТИКИИ ҶИНОЯТҲОИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ
Мақолаи мазкур ба таҳлили ҳамаҷонибаи тавсифи криминалистии ҷиноятҳои дорои хусусияти ифротгароӣ ва унсурҳои таркибии он бахшида шудааст. Муаллиф, бо такя ба таҳқиқоти назариявӣ ва амалии донишмандони соҳаи криминалистика , моҳият, сохтор ва аҳамияти амалии тавсифи криминалистиро барои бозёбии самаранок ва таҳқиқи ҷиноятҳои ифротгароёна таҳлил менамояд. Дар мақола унсурҳои калидии ин тавсиф, аз қабили усули содиршавии ҷиноят, роҳҳои пинҳон намудани он, ангезаҳо ва ҳадафҳои идеологӣ, инчунин хусусиятҳои шахсии ҷинояткор ва шахси зарардида мавриди таҳлил қарор мегиранд. Таъкид мешавад, ки омӯзиши муфассали шахсияти субъектҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти ифротгароӣ , механизми содиршавии ҷиноят ва робитаи байни унсурҳои криминалистӣ дар таҳияи усулҳои махсуси тафтишот ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши муҳим мебозад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан