Central AsianResearch Index

ТАВСИФИ ҚИЁСИИ УСУЛҲОИ ҲИСОБКУНИИ АРЗИШИ АСЛӢ ВА ИМКОНИЯТИ КОРБУРДИ ОНҲО ДАР ПАХТАКОРӢ

Дар мақола асосҳои назариявӣ ва методологии ташаккули арзиши аслии маҳсулот дар соҳаи пахтакории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, инчунин таҳлили қиёсии усулҳои маъмултарини ҳисобкунии он пешниҳод карда мешавад. Таваҷҷуҳи махсус ба хусусиятҳои корбурди усулҳои равандӣ, меъёрӣ ва ABC дар шароити соҳае, ки бо истеҳсоли мавсимӣ, ҳиссаи баланди меҳнат ва гуногунрангии унсурҳои хароҷот тавсиф мешавад, равона карда шудааст. Дар асоси афзалиятҳо ва маҳдудияти ошкоршудаи ҳар як равиш, амсилаи ҳамгирои ҳисобкунии арзиши аслӣ таҳия шудааст, ки унсурҳои усулҳои равандӣ, ABC ва меъёриро муттаҳид мекунад. Чунин амсила тақсимкунии дақиқтари хароҷоти ғайримустақим, афзоиши шаффофият дар ташаккули арзиши аслӣ , назорати қавитари хароҷот ва асоснокии қарорҳои идоракуниро таъмин мекунад. Ғайр аз ин, равиши пешниҳодшуда ба самаранокии иқтисодии хоҷагиҳои пахтакор мусоидат мекунад ва метавонад барои истифода дар дигар бахшҳои истеҳсолоти кишоварзӣ низ мутобиқ карда шавад. Аҳамияти назариявии таҳқиқот дар таҳияи асосҳои методологии баҳисобгирии идоракунии хароҷот ва аҳамияти амалии он дар имконияти истифодаи натиҷаҳои бадастовардашуда барои такмил додани низоми баҳисобгирии хароҷот ва ҳисобкунии арзиши аслӣ дар хоҷагиҳои бахши кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода меёбад.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 9, № 2 (соц.-гум.)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан