Central AsianResearch Index

ТАТБИҚИ АМСИЛАСОЗИИ МАТЕМАТИКӢ ДАР ТАҲҚИҚИ ОМИЛҲОИ ТАЪСИРРАСОН БА ФАРБЕҲӢ

Дар мақола омилҳои таъсиррасон ба фарбеҳӣ таҳқиқ шуда, дар заминаи он амсилаҳои консептуалӣ ва математикӣ дар намуди системаи 5 муодилаҳои дифференсиалии одии ғайрихаттӣ таҳия гардидааст. Таҳқиқот собит намуд, ки омилҳои таъсиррасон ба фарбеҳӣ бо дар назардошти хусусиятҳои биологӣ, иҷтимоӣ ва физиологӣ ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, дар навбати худ ҳар яке таъсири мустақими худро расонида метавонад. Инчунин, ҳамаи омилҳои таъсиррасон ҳамчун тағйирёбанда ва параметр интихоб гардида, ҳудудҳои қиматқабулкунии онҳо муайян ва дар намуди ҷадвал ба низом дароварда шуд. Дар асоси муайянсозии робитаи байни омилҳои таъсиррасон ба фарбеҳӣ , амсилаи консептуалӣ сохта шуд, ки он ҳамчун заминаи асосӣ барои таҳияи амсилаи математикӣ истифода гардид. Амсилаи математикие, ки дар раванди таҳқиқот таҳия гардид, дар шакли системаи 4 муодилаҳои дифференсиалии одии ғайрихаттӣ пешниҳод шуда, равандҳои динамикии омилҳои таъсиррасон ба фарбеҳиро пурра инъикос намуда метавонад. Инчунин, бо мақсади таҳлили ададӣ, усули Эйлер татбиқ карда шуд. Натиҷаҳои ҳосилшуда нишон доданд, ки амсилаи таҳияшуда пурра қобилияти инъикоси равандҳои динамикии масъалаи мазкурро дорад. Амсилаи таҳияшуда заминаи илмиро барои сохтани барномаи компютерӣ фароҳам овард, ки дар оянда имкон фароҳам меояд то бо истифода аз технологияҳои рақамӣ дурнамои таъсири омилҳо ба рушди фарбеҳӣ арзёбӣ гарданд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 10, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3107-2348
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан