Central AsianResearch Index

ТАСВИРИ ПЕЙЗАЖ ДАР ҲИКОЯҲОИ ФАЗЛИДДИН МУҲАММАДИЕВ

Дар мақола мавзуи пейзаж дар ҳикояҳои Фазлиддин Муҳаммадиев баррасӣ шудааст. Ба андешаи муаллифи мақола тасвири манзара дар кушодани моҳияти характери қаҳрамони марказӣ, нақши бағоят муҳимеро мебозад. Зиёда аз он манзара дар дигаргунӣ, таҳаввул тасвир шудааст, ки вобаста ба руҳияву кайфияти персонаж тобишу ҷилои дигар пайдо мекунад. Дар ҳикояҳои Фаздиддин Муҳаммадиев ин хусусиятҳои манзара ба пуррагӣ дида мешаванд. Яъне барои инкишофи воқеа, кушодани рӯҳияи қаҳрамонони Фаздиддин Муҳаммадиев манзара мавқеи муҳимеро дар ҳикоя ишғол намудааст. Дар баробари ин бояд гуфт, ки дар ҳикояҳои Фаздиддин Муҳаммадиев қаҳрамону манзара бо ҳам тавъаманд. Масалан, агар қаҳрамонро ғаме фаро гирад, манзара низ ғамгину ба дарди дили қаҳрамон шарик тасвир меёбад. Аммо баръакс шуданаш низ мумкин аст. Қаҳрамон ғамгину, табиат бошад дилошубу бо ҳусни нотакрораш дарди дили қаҳрамонро аз ғубор пок месозад. Дар ҳикояҳои нависанда манзараҳое тасвир ёфтаанд, ки дар онҳо розе ниҳон аст. Ва ин сиру асрори манзараҳоро метавон аз дарди дили персонажҳо ё аз забони онҳо дарёфт. Ин хусусиятро бошад, бештар дар ҳикояи «Сози Мунаввар» метавон пайдо кард. Чунки дар асное, ки садои тори мунавваршоҳ ба манзара омезиш ёфт, Саид Амон аллакай дарк кард, ки дар қалби Мунавваршоҳ сире ниҳон аст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан