ТАСВИРИ МАРОСИМҲОИ МАВСИМӢ ДАР РОМАНИ «ДУХТАРИ ОТАШ»-И ҶАЛОЛ ИКРОМӢ (ДАР МИСОЛИ БАРФӢ ВА НАВРӮЗ)
Муаллиф дар мақолаи мазкур аҳамияти маросимҳои мазкурро дар роман таҳлил намуда, қайд намудааст, ки анъани барфинависӣ ва ҷашни бошукӯҳи Наврӯз аз замонҳои қадим дар миёни мардуми тоҷик таҷлил гардида, то замони мо омада расидаанд. Муаллиф таъкид кардааст, ки ғайр аз ҷашни Наврӯз ва Барфӣ дар миёни мардуми тоҷик, анъана ва маросимҳои дигар аз қабили Меҳргон, Сада, Ялдо, Чилла, Гулгардонӣ, Иди Рамазон, Иди Қурбон, Бибисешанбе, Бибимушкилкушо, Маросими тӯй, Маросими мотам, Ҷуфтбаророн ва ғайра вуҷуд дошта, ҳар кадом бо вижагиҳои худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар мақолаи мазкур муаллиф ёдрас кардааст, ки зимни баргузори ин ҷашнҳо адабиёти гуфторӣ ва фарҳанги мардум, хеле зиёд истифода шудаанд. Таърихи ин ҷашнҳоро муаллиф таъкид намуда, сухани А. Беруниро оварда, асосгузори ин ҷашнро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд. Муаллиф баъд аз таҳлили роман ба чунин хулоса омадааст, ки Ҷалол Икромӣ аз хазинаи адабиёти гуфторӣ , самаранок истифода намуда, дар натиҷа роман дилчасп ва хонданибоб баромада ба дили ҳазорҳо хонандагон роҳ ёфтааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2 (115)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни