Central AsianResearch Index

ТАСВИРГАРӢ ДАР АШЪОРИ АҲМАДҶОНИ РАҲМАТЗОД

Хусусият ва омилҳои бавуҷудоии тасвиргарӣ дар ашъори Аҳмадҷони Раҳматзод таҳқиқ гардидааст. Омилҳое, ки тасвиргариро дар шеъри шоир муайян месозанд, пеш аз ҳама, махсусияти ҳодисаву ашёи табиат ва таъсири онҳо ба рӯҳи инсон, нисбат додани табиати дарранда ба объекти тасвир, шабеҳияти қаҳрамони ғиноӣ ба намоди гулу гиёҳ, тасвири фазои ягонаи таъсири мутақобилаи инсону табиат, нақли сюжаи асар аз забони гулу гиёҳ, дарахтон ва ғ. мебошад. Зимни таҳқиқот муайян шудааст, ки шоир дар манзаранигорӣ аз санъати ташхис истифода намуда, шахсонидани ашё ё ҳаводиси табиат ва хислату хусусияти қаҳрамони ғиноиро гирифтани онҳо, дар ашъори ӯ бо робитаи руҳи табиату инсон сурат гирифтааст. Баъди таҳлили чанде аз шеърҳои шоир хулоса гардидааст, ки шеъри тасвир ё тасвиргарӣ дар шеър ин як намуди махсуси шеър буда, асосан ба тасвири ҳодисаву воқеоти табиату замон, ҷирмҳои осмонӣ, шахсонидани ашё ва мутобиқати он ба ҳолати равонӣ ва зиндагии айнии қаҳрамони ба тасвиргирифтаи шоир аст.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 90, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП