Central AsianResearch Index

ТАСНИФОТИ МАВЗУИИ ЯК ҚАБАТИ ЛУҒАВӢ ДАР ЛАҲҶАҲОИ ТОҶИКӢ

Баъди рӯи чоп омадани фарҳанги мукаммали гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ, ки ба қалами Мансур Маҳмудов, Ғаффор Ҷӯраев, Баҳром Бердиев дахл дорад, баррасии хусусиятҳои луғавии лаҳҷаҳо вусъат пайдо кард. Калимаҳои хоси шева дар лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҳамоно таҳқиқталаб боқӣ мемонад. Барои равшани андохтан ба баъзе хусусиятҳои забонии ин қабати луғавӣ баррасии калимаҳои хоси шеваи ифодакунандаи хӯрокворӣ ва мафҳумҳои марбут ба онро дар асоси маводи лаҳҷаҳои тоҷикони водии Сурхондарё ва шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ раво донистем. Вобаста ба урфу одат ва тарзи зиндагии мардуми ҳар як маҳалли тоҷикнишин анвои хӯрок ва мафҳумҳои ба он алоқаманд бо вуҷуди умумият фарқият низ доранд, ки диққати муҳаққиқонро ин масъалаи муҳим барвақттар ба худ ҷалб намуда буд. Ҳангоми баррасии ин гурӯҳи мавзуӣ ба калимаҳои ифодакунандаи асбобҳои рӯзгор ва зарфҳое, ки дар омодасозӣ ва нигаҳдориву истифодаи анвои хӯрокворӣ онҳоро ба кор мебаранд, диққат додан зарур аст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан