ТАСНИФОТИ МАТНҲОИ МАНЗУМ ВА РАВИШҲОИ ТАРҶУМА
Дар мақола муаллифон перомуни ҷанбаҳои поэтикӣ , падидаҳои ҳунарӣ, бадеиёти пораҳои манзуму матнҳои насри мусаҷҷаъ, байт ва мисраъҳои ҷудогона, ки дар таҷрибаи тарҷумонӣ ду равиши тарҷумаи онҳо, яъне тарҷумаи байнихаттӣ ва шоирона мавҷуд аст, таҳқиқот анҷом додаанд. Ба андешаи муҳаққиқон дар давраи шуравӣ, ағлаб мутарҷимин аз равиши тарҷумаи байнихаттӣ ва шоирона дар ҳолатҳои зерин истифода кардаанд: Нахуст, шоире, ки забони хориҷиро медонад ва осори манзумро бо шеваи тарҷумаи байнихаттӣ ё шоирона тарҷума мекунад. Дувумӣ дар ҳамкории тарҷумону шоир мутуни назмӣ тарҷумаи шоирона карда мешудааст. Пас аз баррасии мавзуи мавриди назар, маълум гардид, ки дигар анвои осори назмӣ низ мавҷуд будааст. Масалан, пас аз қиёси матни аслӣ ва тарҷумаи қиссаи «Алвидоъ, Гулсарӣ!»-и Чингиз Айтматов муаллифон ба ин натиҷа расидаанд, ки Фазлиддин Муҳаммадиев ба умқи олами ниёзҳо ва андешаҳои нависандаи қирғиз ворид гардидааст. Бо назардошти ин нукта, метавон гуфт, ки ӯ матни бо насри мусаҷҷаъ навишташудаи «Плач верблюдицы»-«Нолаи уштур»-ро аз таҳи дил дарк намуда, бо истифода аз усули тарҷумаи шоирона онро тарҷума намудааст. Дар интиҳо хулосаи муаллифин дар ин ҷамъбаст мегардад, ки агар осори манзум дар тарҷума вазну қофия , яъне шакли шеърии худро ҳифз карда бошад, пас он бо равиши тарҷумаи шоирона баргардонида шудааст. Аммо, агар муҳтавои шеър бидуни вазну қофия дар забони мақсад интиқол ёфта бошад, пас он бо шеваю усули тарҷумаи мансур ва ё тарҷумаи байнихаттӣ баргардонида шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 5 (118)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни