Central AsianResearch Index

ТАСНИФОТИ ИЛМИИ КЛАСТЕРҲО ДАР НИЗОМИ РУШДИ МИНТАҚА

Асосҳои методологии ташаккули кластерҳои соҳавӣ ва хусусиятҳои фарқкунандаи ташаккули кластерҳо баррасӣ шудаанд. Моделҳои базавии кластерҳо ва гурӯҳбандии онҳо аз рӯи якчанд хусусиятҳои хос пешниҳод гардидааст. Дар заминаи низомбандии ақидаҳои олимон оид ба кластерҳо гурӯҳбандии шакл ва намудҳои онҳо оварда шуааст. Зикр гаридааст, ки масъалаи рушди кластерҳо ба объекти сиёсати минтақавӣ ва миллӣ табдил меёбад. Се гурӯҳи моделҳои базавии кластерҳои иқтисодии соҳавӣ – шотландӣ, ҳамгирокунанда, итолиёвӣ тавсиф шудааст. Фарқи байни мафҳумҳои кластери минтақавӣ ва кластери соҳавӣ баён шудааст. Муҳиммияти коркарди механизми ташкилию иқтисодӣ оид ба ташаккули кластерҳо ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ дар рушди минтақаҳо таъкир гардидааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 99, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП