Central AsianResearch Index

ТАСНИФОТИ ФЕЪЛҲОИ БАЁНКУНАНДАИ МУНОСИБАТИ ЭҲСОС ВА ҲОЛАТ ДАР ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ

Мақолаи мазкур ба мавзӯи таснифоти феълҳои баёнкунандаи муносибати эҳсос ва ҳолат бахшида шудааст. Дар мақолаи мазкур доираи таснифоти феълҳои ифодагари эҳсос дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ, ки яке аз мавзуъҳои баҳсталаб ва таҳқиқшаванда мебошад, сухан меравад. Инчунин, мафҳумҳои эҳсосотиро мувофиқи гуфтаи забоншиноси полшагӣ Анна Вежбитская ба категорияҳои гуногун ҷудо кардан мумкин аст, ки дар мақола муфассал нишон дода шудаанд. Мақсади мақола омӯзиши феълҳои баёнкунандаи муносибати эҳсос ва ҳолат дар забонҳои тоҷики ва англисӣ, муайян намудани мутобиқати гуруҳбандӣ ва таснифоти онҳо мебошад. Натиҷаи тадқиқот нишон дод, ки феълҳои баёнкунандаи муносибати эҳсос ва ҳолат ва воситаҳои ифодаи онҳо дар забонҳои гуногун яке аз мавзуъҳои ҷолиби диққат буда, дар забонҳои мухталиф роҳу воситаҳои махсуси ифодаи худро доранд. Бояд зикр намуд, ки феълҳои ифодагари муносибати эҳсос ва ҳолат дар забонҳои таҳқиқшаванда дар услуби бадеӣ ба таври васеъ корбурд мешаванд. Феълҳои баёнкунандаи муносибати эҳсос ва ҳолат дар ҳарду забон дорои таснифоти сохторӣ, услубӣ ва гуруҳӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ҳангоми интихоби мавзӯи мақола кӯшиш намудем, ки ба ҳамин хусусиятҳои хоси онҳо, яъне ба таснифоти гурӯҳии онҳо дар забонҳои муқоисашаванда рӯшанӣ андозем.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 2 (103)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни