Central AsianResearch Index

ТАСНИФИ СЕМАНТИКИИ ВОҲИДҲОИ ФРАЗЕОЛОГИИ «ГУЛИСТОН»-И САЪДИИ ШЕРОЗӢ

Дар мақолаи мавриди назар воҳидҳои фразеологии «Гулистон» -и Саъдии Шерозӣ аз лиҳози семантика дар асоси консепсияҳои олимони ватаниву хориҷӣ тасниф ёфтаанд. Дар мақола қайд гардидааст, ки дар забоншиносии муосир роҷеъ ба тавзеҳи таснифи воҳидҳои фразеологии забон ду ақида манзур аст, яке назари маҳдуд ( гипоним ) ва дигаре назари муфассал ( гипероним ). Дар робита бо ин, мо пайрави назари муфассал буда, фразеологизмҳои асари мазкурро ба риштаи омӯзиш баркашидем. Устод Саъдӣ ин асари мондагори хешро бо «дурдонаҳои марворид» (мақсуд воҳидҳои фразеологӣ) шодоб намуда, ба ҳусну латофату зарофати ин шоҳкорӣ ҳусни дигаре зам намудааст, уқёнусеро ибдоъ намудааст, ки бо нӯшидан аз он кас наметавонад ташнагиро шиканад. Воҳидҳои фразеологӣ дар ин асар на ҳамеша мустақиман корбурд шудааст, онҳоро устод Саъдӣ бо сабки ба худ хос мавриди истифода қарор додааст. Дар паси пардаи ҳар як воҳид чи дунёву чи падидаву қазияҳоеро нуҳуфта, фаъолонаву эҷодко-рона пиростааст. Зикр гардидааст, ки дар «Гулистон» наздик ҳамаи навъи воҳидҳои фразеологиро дарёфтан мумкин аст. Ҳамчунин, фразеологизмҳои омонимӣ дар «Гулистон» мавқеи хос ва назаррас доранд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3 (116)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни