Central AsianResearch Index

ТАСНИФ ВА БАҲОДИҲИИ ХАВФҲОИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ

Дар шароити муносибатҳои бозорӣ корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар вазъияти зиёд шудани номуайянӣ ва ноустувории муҳити иқтисодӣ пеш мебаранд. Дар ин робита, дар масъалаи гирифтани натиҷаи ниҳоии пешбинишуда номуайянӣ, носаҳеҳӣ ва нобоварӣ ба вуҷуд меояд ва дар ин замина, хавфҳо , яъне эњтимоли нобарории кор, талафоти молиявї ва моддии пешбининашуда пайдо мешавад. Вобаста ба чунин ҳолат, зарурати таҳияи стратегияи нави идоракунии корхонаи саноатие, ки дар шароити номуайянӣ ва хавф фаъолият мекунад, таҳияи методикаи таҳлил ва баҳодиҳии хавфҳо , инчунин, тартиби қабул ва иҷрои қарорҳои идоракунӣ, ба миён меояд. Барои бомуваффақият ва самаранок идора кардани хавфҳо қобилияти муайянкунӣ, таҳлил, баҳодиҳӣ ва пешгӯии хавфҳоро доштан зарур аст. Дар ин мақола равишҳои методии ташаккули системаи меъёрҳои таснифи хавфҳои корхонаҳои саноатӣ, равишҳои баҳодиҳии хавфҳои корхонаҳои мазкур баррасӣ ва алгоритми таҳлили хавфҳо пешниҳод ва тартиби истифодашаванда барои таҳлили хавфҳо нишон дода шудаанд. Муаллифон усулҳои сифатӣ ва миқдории таҳлили хавфҳои корхонаҳои саноатиро ҷамъбаст кардаанд. Бо мақсади таҳлил ва баҳодиҳии хавфҳо , таҳияи усулҳои паст кардани сатҳи онҳо ҳангоми идоракунии истеҳсолот , схемаи умумии системаи идоракунии хавфҳо барои корхонаҳои саноатӣ пешниҳод карда шудааст.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 4.1 (33)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет