ТАЪСИСИ БЕМОРИСТОНИ ГУНДИ ШОПУР ВА ЗИКРИ ПИЗИШКОНИ НОМДОРИ ОН
Гунди Шопур яке аз муҳимтарин марказҳои илмӣ ва фарҳангии давраи бостон ба шумор меравад. Ин шаҳр дар асри III милодӣ аз ҷониби Шопури I бунёд гардида, дар давраи сулолаи Сосониён ба маркази пешрафтаи илм , тиб ва фалсафа табдил ёфт. Шукуҳ ва шаҳомати Гунди Шопур ба фаъолияти Донишгоҳ ва беморхонаи он вобаста аст, ки аз аввалин муассисаҳои муташаккили таълимии тиббӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд. Донишгоҳи Гунди Шопур бо хидматҳои арзандае, ки ба ҷомеаи башарӣ намудааст, бе шакку шубҳа дорои арзиш ва аҳаммияти хос мебошад. Ин Донишгоҳ барои замони хеш беназир аст. Дар он рӯзгор муносибатҳои динию нажодӣ ва қавмӣ асоси зиндагии мардуми ҷаҳон буд ва ҳеҷ миллате ба осони қавмҳои дигарро намепазируфт. Хушбахтона, дар Донишгоҳи Гунди Шопур аз ҳар гуна таассубот ва кӯтоҳназариҳо хабаре набуд ва дарвозаҳои донишгоҳ бар рӯйи ҳамаи миллатҳо ва ҳамаи донишмандон аз ҳар қавму дин ва нажод кушода буд ва ҳазорон тан зардуштиён, монавиён, собаиён, яҳудиён, исавиён, ҳиндуҳо дар канори ҳам ба тадрис ва таҳсил мепардохтанд ва фориғ аз ҳар гуна таассуботи динӣ ва нажодӣ саргарми кори худ будаанд. Донишгоҳи Гунди Шопурро ба тамоми маъно метавон як донишгоҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ номид. Ба ибораи дигар Гунди Шопур бузургтарин пойгоҳи илмии давраи Сосониён ва баъди ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, Гунди Шопур ҳамчун маркази бузурги илмӣ ва тиббӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ мақоми махсус дошта, табибони он дар рушди илм , маориф ва ҳифзи саломатии инсон саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Ҳаёти илмии ин шаҳр заминаи асосии рушди минбаъдаи тиб ва таъсиси марказҳои бузурги омӯзиширо дар кишварҳои гуногун фароҳам овард.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан