Central AsianResearch Index

ТАЪСИС ВА РУШДИ АКАДЕМИЯИ ГУНДИ ШОПУР

Мақола доир ба яке аз нахустин марказҳои тиббии замони Сосониён Академияи Гунди Шопур маълумот медиҳад, ки он шаҳр ва ё урдугоҳи бузурги низомӣ буда, бо супориши Шопур I (242-272) соли 271 дар назди Хузистон бунёд ёфтааст. Дар он ҷо зиёда аз панҷ ҳазор нафар донишҷӯйён таълим мегирифтанд, қариб панҷсад нафар омӯзгорон ба таълим ва тарбияи онҳо машғул буданд. Дар болои дарвозаи Гунди Шопур суханҳои: « Донишу хирад аз шамшер зӯртар аст» сабт шуда, дар назди он китобхона бо чаҳорсад ҳазор нусха китоб мавҷуд будааст. Гунди Шопур аз бемористон , дармонгоҳ ва дорухона иборат буда, дар баробари табобати маризон, табибонро низ омода менамуд. Дар замони Хусрави І Анӯшервон (531-579) ва Бузургмеҳр бисёр донишмандон сарфи назар аз ақидаҳои динӣ, нажодӣ ва забонӣ дар Академияи Гунди Шопур фаъолият доштанд. Бо супориши Хусрави I барои аз ҳиндуҳо гирифтани китоби «Панҷтантра» («Ҷовидон хирад») Барзуйро пинҳонӣ ба Ҳинд фиристод ва онро бо номи «Калила ва Димна» ба Гунди Шопур дастрас намуд. Академияи Гунди Шопур беш аз 300 сол фаъолият намуда, дар омӯзиши тиб аҳаммияти калон дошт. Аз ҷониби табибони Гунди Шопур ба таври пурра омӯхтани қисми тиббии китоби «Авасто» ба роҳ монда шуда, онро бо тибби юнонӣ, ҳинд, тибетӣ омехта намуданд. Аз растанӣ ва омехтаҳои тилло, нуқра, мис, оҳан, тайёр намудани дору оғоз гардид. Дар академияи Гунди Шопур донишмандони Миср, Юнон, Ҳиндустон, Рум ба ташаккули илмҳои тиб , риёзиёт, нуҷум ва фалсафаю ҷуғрофия машғул буданд ва пас аз шикаст хӯрдани давлати Сосониён намояндагони он ба маркази хилофати Аббосиён Академияи «Байт-ул-ҳикма»-и Бағдод кӯчиданд.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2022 · № 4 (34)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА