ТАЪСИРИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР БАХШИ ХУСУСИИ ИКТИСОДИЁТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақола таъсири рушди соҳибкорӣ дар бахши хусусии иктисодиёт ба шуғли аҳолӣ баррасӣ гардидааст. Қайд карда шудааст, ки таъмини шуғли аҳолии қобилияти корӣ дошта яке аз масъалаҳои муҳимтарини давраи ҳозираи рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар асоси таҳлили маводҳои оморӣ нишон дода шудааст, ки дар кишвар шумораи аҳолии қобилияти кории дар иқтисодиёт истифода нашуда нисбат ба миқдори захираҳои меҳнатӣ сол аз сол бо суръати баландтар меафзояд. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ низ зиёд шуда истодааст. Асоснок карда шудааст, ки роҳи ҳалли ин масъала бештар рушд додани соҳибкорӣ дар бахши хусусии иктисодиёт мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 1 (40)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет