ТАЪСИРИ РАҚАМИКУНОНӢ ДАР НИЗОМИ БОНКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Таъсири рақамикунонӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ба нақши сиёсати давлатии рақамикунонӣ ва барномаҳои ҳукуматии рушди хизматрасониҳои бонкӣ диққати махсус дода шудааст. Собит гардидааст, ки дар амалишавии рақамикунонӣ густариши истифодабарии технологияи иттилоотӣ махсусан муҳим мебошад. Мушкилоту имкониятҳои рушди рақамӣ ва таҷрибаҳои бонкҳои маҳаллӣ, аз ҷумла «Алиф» ва «Душанбе Сити» мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Асоснок карда шудааст, ки дар ҷараёни рақамикунонӣ коркарди васеъ истифодабарии барномаҳои мобилӣ аҳаммияти калон дорад. Ҳамчунин, тавсияҳо барои беҳтар намудани сиёсати рақамикунонӣ ва рушди минбаъдаи низоми бонкии кишвар пешниҳод шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 105, № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП