ТАЪСИРИ ПСИХОЛОГИИ НИЗОЪҲОИ ХОНАВОДАГИИ ҲАМСАРОН БА ШАХСИЯТИ ФАРЗАНДОН
Мавзуи мазкур аз замонҳои қадим то ба имрӯз диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб намудааст ва бо назардошти омӯзишу таҳқиқотҳои зиёди назариявию эмперикӣ боз ҳам мубрам боқӣ мондааст. Мо низ дар баробари дигар муҳаққиқон кӯшиш намудем, ки таъсири психологии низоъҳои миёни ҳамсаронро ба шаклгирию рушди шахсияти фарзандон дар мақолаи мазкур ошкор намоем. Тaҳқиқoт дар заминаи метoдҳoи умуминaзaриявӣ, таҳлили муқоисавии мушоҳида ва таҷрибаи фаъолияти касбӣ, таҳлили психологии таҳқиқотҳои ба мавзӯъ бахшидашуда ба сомон расонида шуд. Ҳамин тавр, маълум гардид, ки омузиши низоъҳои хонаводагии ҳамсарон бо роҳёфтҳои гуногун аз ҷониби муҳаққиқон ба роҳ монда шудааст ва ҳамагӣ натиҷаи ин зуҳуротро манфӣ арзёбӣ намудаанд. Аз ҷумла, худи мо. Дар натиҷа муайян гардид, ки низоъҳои хонаводагии ҳамсарон дар заминаи сабабҳои гуногун ба миён омада ва онҳо ҷанбаи объективӣ ва субъективиро дар бар мегиранд. Инчунин, низоъҳои миёни ҳамсарон ба худбаҳодиҳӣ, мустақилият, иҷтимоишавӣ ва дигар сифатҳои шахсии фарзандон амиқан таъсири манфӣ мерасонанду дар рафтору гуфтори ношоям ё носозгори онҳо дар муносибат бо дигарон зоҳир мегарданд. Аз ин рӯ, ба волидон тавсия карда мешавад, ки дар ҳаёти хонаводагӣ таҳаммулпазириро ҳамчун сифати шахсии худ рушд диҳанд ва муҳити оиларо ба макони амну осоиш ва пур аз муҳаббат мубаддал гардонанд, зеро дар чунин муҳит рушди шахсияти кӯдакон хуб сурат мегирад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки фарҳанги оиладории волидон ба фарзандон интиқол меёбад ва онҳо дар ҳаёти хонаводагии худ ба сифати таҷриба амалӣ менамоянд.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 9, № 2 (соц.-гум.)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан