Central AsianResearch Index

ТАЪСИРИ ОМИЛҲОИ ИСТИЛОҲШАВӢ, ҲАЗФИ ИСТИЛОҲ ВА ТАҶДИДИ ИСТИЛОҲ ДАР РАВАНДИ ТАРҶУМА

Дар мақолаи мазкур равандҳои тағйир ёфтани хусусияти вазифавии истилоҳот ба назар мерасад, ки метавонад боиси мушкилот пайдо кардан дар раванди тарҷума шавад. Истилоҳот пеш аз вазифаи истилоҳро ба худ гирифтан, дар шакли терминоидҳо зери истифода қарор доранд, зеро онҳоро метавон ҳам дар матни бадеӣ бо тобиши маъноии маҷозӣ вохӯрд ва ҳам дар матни илмӣ-когрузорӣ бо вазифаи мушаххас ва номинативӣ. Омили дигаре, ки дар мақолаи мазкур ишора шудааст, ин истилоҳшавӣ мебошад. Ба омили истилоҳшавӣ ҳамон истилоҳоте шомил ҳастанд, ки якмаъно, саҳеҳ ва мушаххас вазифаи номинативиро иҷро менамоянд ва танҳо дар матнҳои илмӣ ба назар мерасанд. Инчунин, дар мақола омили ҳазфи истилоҳро метавон мушоҳида намуд, ки истилоҳоти мушаххаси илмӣ дар забони умумӣ шакли маҷозӣ, тавсеаи маъно ё истифодаи ғайритахассусӣ пайдо мекунанд. Омили дигаре, ки дар мақола зери таҳқиқи қарор гирифтааст, таҷдиди истилоҳ мебошад. Таҷдиди истилоҳро чун омонимияи байнисоҳавӣ меноманд, зеро як истилоҳ метавонад дар ду ва зиёда низоми истилоҳот истифода гардад. Агар истилоҳоти лингвостилистикаро зери таҳқиқ қарор диҳем, бештари онҳо аз илми забоншиносӣ ва услубшиносӣ таҷдиди истилоҳ шуда, ба илми лингвостилистика ворид гаштаанд. Яқ қисми истилоҳоти лингвостилистика аз илмҳои асосии забоншиносӣ ва фалсафа иқтибос гирифтаанд, ки дарак аз омили таҷдиди истилоҳ аст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3 (116)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни